Имрӯз дар шаҳри Душанбе вохӯрии аъзои Муколамаи занони Осиёи Марказӣ оғоз шуд

Имрӯз дар шаҳри Душанбе  дар мавзуи «Ноил шудан ба баробарии гендерӣ дар заминаи мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Осиёи Марказӣ» вохӯрии аъзои Муколамаи занони Осиёи Марказӣ ба кор шуруъ намуд. Дар ин хусус хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ  медиҳад.

Вохӯрӣ аз ду ҷаласаи панелӣ иборат буда, дар он масъалаҳои «Ноил шудан ба баробарии гендерӣ дар заминаи мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва офатҳои табиӣ дар Осиёи Марказӣ», «Ташаббусҳои экологии Осиёи Марказӣ дар татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор» мавриди таҳлил ва муҳокима қарор мегиранд. Хамзамон вобаста ба мавзуъҳои мазкур меҳмонону иштирокдорон мубодилаи афкор менамоянд.

Таъсиси майдони машваратии занон, аз ҷумла Муколамаи занони Осиёи Марказӣ шаҳодат аз он аст, ки роҳбарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ба масъалаи ноил шудан ба баробарии гендерӣ ва иштироки фаъолонаи занон дар ҳаёти сиёсию ҷамъиятӣ таваҷҷуҳи хосса доранд.

Ин нуқтаи муҳимро ҳатто сессияи 66-уми Комиссия оид ба мақоми зан эътироф намуд, ки ноил гардидан ба баробарии гендерӣ, васеъ намудани ҳуқуқ ва уҳдадориҳои занону духтарон ва таъмини иштироки фаъоли онҳо дар ҳаёти ҷамъиятӣ, ҳамзамон иштироки онҳо дар қабули қарор оид ба тағйирёбии иқлим, ҳифзи муҳити зист ва коҳиш додани хавфи офатҳои табиӣ аҳамияти ниҳоят муҳим дорад.

Доир ба масъалаҳои баррасишаванда ва вобаста ба андешидани тадбирҳои мушаххас дар самти ноил шудан ба баробарии гендерӣ дар заминаи мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Осиёи Марказӣ аз ҷониби иштирокчиён тавсияҳои ҳамкорӣ дода шуда, ба унвони сарони давлатҳо изҳороти аъзои Муколамаи занони Осиёи Марказӣ қабул мешавад.

Сафари кории меҳмонон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 рӯз идома ёфта, 15 сентябр аъзои Муколамаи занони Осиёи Марказӣ бо Неругоҳи барқи обии «Норак» шинос мешаванд.

Tags: