Дар ноҳияи Восеъ бинои иловагӣ барои 150 ҷои нишаст ифтитоҳ гардид

Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №16 дар ноҳияи Восеъ бинои иловагӣ барои 150 ҷойи нишаст мавриди истифода қарор дода шуд.  

 Дар маросими ифтитоҳи он Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид иштирок намуд.

Иттилоъ дода шуд, ки бинои таълимии мазкур тибқи нақшаи  чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ бо маблағгузории Ташкилоти ҷамъиятии «Эҳёи Сомониён» иборат аз 1 бино бо 1 блоки якошёна, 6 синфхонаи таълимӣ барои 300 хонанда дар ду баст ба нақша гирифта шудааст.

Сохтмони муассисаи мазкур соли 2022 оғоз гардида, фармоишгари он Муассисаи давлатии «Маркази татбиқи Лоиҳаи «Сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо» мебошад. Зимни сохтмони муассисаи таълимӣ беш аз 15 нафар коргарони маҳаллӣ ба корҳои сохтмониву васлкунӣ ҷалб шуданд.

Tags: