Қаҳрамони Бозиҳои олимпии Рио-2016 Дилшод Назаров узви Раёсати иҷроияи Шӯрои олимпии Осиё (OCA) барои солҳои 2023-2027 интихоб гардид.
Ёдовар мешавем, ки 8 июл дар Ассамблеяи 42-юми генералии Шӯрои олимпии Осиё дар Бангкок (Таиланд) Шайх Талол Фаҳад АлАҳмад Ал Сабоҳ президенти нави Шӯрои олимпии Осиё интихоб карда шуд.
Тоҷикистонро дар ҷаласаи ҳисоботӣ-интихоботии Ассамблеяи 42-юми генералии Шӯрои олимпии Осиё (ОСА) ноибони Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода, Дилшод Назаров ва котиби генералии Кумитаи миллии олимпӣ Муҳаммадшо Абдуллозода намояндагӣ намуданд.