Дзюдочиёни беш аз 40 давлат ба Тоҷикистон меоянд. 

Дзюдочиёни беш аз 40 давлати панҷ қитъаи ҷаҳон барои иштирок дар Гран-прии Душанбе-2023, ки 2-4 июн дар доираи Сайри ҷаҳонии ҷудо аз ҷониби Федератсияи байналмилалии ҷудо баргузор мешавад, ба Тоҷикистон меоянд. 

То имрӯз барои иштирок дар он 313 варзишгар аз 44 кишвари ҷаҳон аз панҷ қитъа сабти ном шудааст. Шумораи бештари варзишгарон аз Аврупо (143) ва Осиё (145) номнавис гардидааст.

Тоҷикистонро ба унвони мизбони Гран-прии Душанбе-2023 34 варзишгар (28 мард, 6 зан) муаррифӣ менамояд.

Гран Прии Душанбе-2023 мусобиқаи интихобӣ ба Бозиҳои олимпии Париж-2024 буда, ба рейтинги варзишгарон хол илова мекунад.

Фонди ҷоизавии мусобиқа 100 ҳазор евроро ташкил медиҳад: ҷойи 1-ум – 3000 евро (варзишгар 2400 ва мураббӣ 600), ҷойи 2-юм – 2000 евро (варзишгар 1600 ва мураббӣ 400), ҷойи 3-юм (2 варзишгар) – 1000 евро (варзишгарон 800 ва мураббиён 200).

Бояд тазаккур дод, ки пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе дар доираи Сайри ҷаҳонии ҷудо дар давраи солҳои 2023-2026 ҳаққи баргузории мусобиқоти Гран-приро соҳиб гардид.

Гран-при оид ба ҷудо ҳар мавсим дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон дар доираи Сайри ҷаҳонии ҷудо баргузор мешавад. Пеш аз Бозиҳои олимпӣ баъзе Гран-приҳо дорои иҷозатнома мебошанд, ки дар он варзишгарон дар рейтинги олимпӣ соҳиби холҳо мешаванд.

Tags: