ТВТ.17.10.2022. 19 октябр, аз соати 23:00 то соати 24:00-и 20 октябри соли 2022 дар баъзе маҳаллаҳои шаҳри Душанбе интиқоли оби нӯшокӣ муваққатан қатъ мегардад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.
Бо мақсади иҷрои корҳои таъмирию васлкунии таҷҳизот дар истгоҳи обтаминкунии «Кофарниҳон» дар маҳаллаҳои Гулбутта, Қаротегин, Дӯстӣ, Равшангарон, Ҳосилот, Алачабоф, Ором, Шодиёна, Маърифат, Крупская-1, 2, 61, 63, 64, 65 кӯчаҳои Н.Қарабоев, Қаҳҳоров, М.Маҳмадалиев ва А.Наҷмиддини ноҳияи Фирдавсӣ ва кӯчаҳои М.Назаршоев, Қаротегин, Ховарон, Гулобод, Зебуниссо, Чиноро — 1 ва 2, Камоли Хуҷандӣ, Теппаҳои шарқӣ, Восифӣ, Хайробод, Ҷавонон, М.Маҳмадалиев, Коргар, Зафар, С.Р.Афардӣ, Улуғбек, У.Зоконӣ, А.Савдо, Афзалӣ, хиёбони Рӯдакӣ, аз бинои КВД «Роҳи оҳан» то бинои КВД меҳмонхонаи «Душанбе» ва қисмати кӯчаи С.Айнӣ то гардиши КВД «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе», шаҳракҳои 191, 192 ва 193, маҳаллаҳои Бинокорон ва Комбинати коркарди чӯби ноҳияи Шоҳмансур интиқоли оби нӯшокӣ ба миқдори як шабонарӯз қатъ мегардад.
Аз истиқоматкунандагони маҳаллаю кӯчаҳои мазкур хоҳиш карда мешавад, ки миқдори зарурии оби нӯшокиро тибқи ҷадвал барои як шабонарӯз захира намоянд.
Тибқи қарори мазкур, раисони ноҳияҳои болозикр ва Директори Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» муваззаф гардидаанд, ки дар давраи иҷрои корҳои нақшавӣ бо истифода аз мошинҳои обкаш сокинони ин минтақаҳоро бо оби нӯшокӣ таъмин намоянд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»