Аксел ван Тротсенбург: «Бонки ҷаҳонӣ ҳамчун шарики боэътимод омода аст Тоҷикистонро дар рушди иқтисодӣ хамаҷониба дастгирӣ намояд»

ТВТ.07.10.2022. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 6 октябр дар Қасри миллат Директори идорӣ оид ба фаъолияти амалиётии Бонки ҷаҳонӣ Аксел ван Тротсенбург ва Ноиби президенти Бонки ҷаҳонӣ Анна Бйердеро ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот масоили ҳамкории кунунӣ ва дурнамои робитаҳои Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Пас аз мулоқот бо иштироки Директори идорӣ оид ба фаъолияти амалиётии Бонки ҷаҳонӣ Аксел ван Тротсенбург барои намояндагони ВАО брифинг доир гардид.

«Бонки ҷаҳонӣ ҳамчун шарики боэътимод омода аст Тоҷикистонро дар рушди иқтисодӣ ҳамаҷониба дастгирӣ намояд. Соли оянда мо 30-солагии шарикӣ ва муносибатҳои қавии Тоҷикистонро бо Бонки ҷаҳонӣ ҷашн мегирем»,- гуфт дар оғоз Аксел ван Тротсенбург.

Директори идорӣ оид ба фаъолияти амалиётии Бонки ҷаҳонӣ зикр кард, ки ҳамкории ин муаасиса бо Ҷумҳурии Тоҷикистон хусусун дар ду соли охир, аз ҷумла, дар давраи пандемияи COVID-19, ба сатҳи сифатан нав баромад. «Дар ин давра Ҷумҳурии Тоҷикистон аз кумакҳои Бонки ҷаҳонӣ ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд дар дигар бахшҳо низ бархурдор гардид. Соли гузашта маблағҳое, ки аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ пешниҳод гардиданд, 340 миллион доллари грантиро ташкил доданд, ки ин дар таърихи ҳамкориҳои мо нишондиҳандаи баландтарин аст», — изҳор намуд ӯ.

Аксел ван Тротсенбург таъкид намуд, ки Тоҷикистон имкониятҳои назарраси истеҳсолу содироти энергияи барқро доро мебошад. «Бори дигар ҷонибдории Бонки ҷаҳониро роҷеъ ба дастгирии Тоҷикистон дар ин самт тасдиқ намудам»,- гуфт ӯ.

Директори идорӣ оид ба фаъолияти амалиётии Бонки ҷаҳонӣ Аксел ван Тротсенбург зикр намуд, ки дар рафти мулоқот инчунин паёмадҳои пандемияи COVID-19, таъсири он ва дигар таҳдиду хатарҳои ҷаҳони имрӯза ба вазъи иқтисодию иҷтимоии кишвар муҳокима гардид.

«Ҷонибҳо изҳори изҳори умед карданд, ки Бонки ҷаҳонӣ ҳамчун шарики боэътимоди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалӣ намудани нақшаҳои минбаъдаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таъмини рушди устувор саҳмгузор боқӣ мемонад», — гуфт дар хотима Директори идорӣ оид ба фаъолияти амалиётии Бонки ҷаҳонӣ Аксел ван Тротсенбург.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Tags: