Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода аз Хоҷагии деҳқонии «Боғи Сомон» боздид намуданд

ТВТ.03.10.2022. 3 октябр дар шаҳри Турсунзода Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз боғи ангури навъи “Шоҳона”-и Хоҷагии деҳқонии “Боғи Сомон” дидан намуда, бо рафти ҷамъоварии ҳосили ангур, ки ҳоло бомаром идома дорад, шинос шуданд.

Дар хоҷагӣ парвариши ангури навъи “Шоҳона” дар масоҳати беш аз 50 гектар ба роҳ монда шуда, ин навъи ангур ба обу ҳавои минтақа мутобиқ аст. Аз ин рӯ, хоҷагидорон ҳамасола ҳосили хуб ба даст оварда, маҳсулотро ба бозорҳои дохил ва хориҷ ба фурӯш мебароранд. Ин навъи ангур бо тамъу лаззат ва рангу шакли худ аз дигар намуди ангур тафовут дошта, ба иттилои масъулин, аз ҳар гектар токзор хоҷагидорон аз 30 то 35 тонна ангури аълосифат ба даст меоранд.

Боғи ангури навъи “Шоҳона”-и Хоҷагии деҳқонии “Боғи Сомон” соли 2009 бунёд шуда, ҳамасола ҳосили хуб ба бор меорад ва ин навъи ангур талабгорони зиёд дорад. Дар маҷмуъ, самти асосии фаъолияти Хоҷагии деҳқонии “Боғи Сомон” ангурпарварӣ буда, масоҳати боғҳои ангур дар хоҷагӣ ба 500 гектар мерасад.

Зимни боздид иттилоъ дода шуд, ки ҳоло хоҷагӣ беш аз 10 навъи ангур парвариш намуда, дар самти таъмини аҳолии кишвар бо ин навъи маҳсулот ҳиссаи назаррас дорад. Ҳамчунин хоҷагидорон 5 навъи ангури дигарро аз кишварҳои мухталиф ворид намудаанд ва айни замон дар марҳилаи таҷрибавӣ нигоҳубин карда мешаванд. Аз ҷумла, аз штати Калифорнияи Амрико навъи “Аватар” ворид гардидааст, ки ангури бедона буда, ба обу хоки кишвари мо мутобиқат аст.

Кишоварзон ба Пешвои муаззами миллат иттилоъ доданд, ки дар сурати бомуваффақият анҷом ёфтани марҳилаи таҷрибавӣ, аз ҳисоби навъҳои нав метавон майдони токзорро васеъ ва ҳаҷми истеҳсолотро афзоиш дод.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки нигоҳубин ва рафти омӯзиши ин навъи ангур бо назардошти тамоми меъёрҳои аграрӣ ва ҷалби мутахассисони соҳибтаҷриба амалӣ карда шавад.

Қобили зикр аст, ки Хоҷагии деҳқонии “Боғи Сомон” бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2008 ташкил ёфта, айни замон 1100 нафар саҳмдор дорад ва Сарвари давлат зимни сафарҳои корӣ ба шаҳри Турсунзода, шахсан аз вазъи нашъунамои токзорҳои хоҷагиву рафти ҷамъоварии ҳосил бохабар мегарданд.

“Боғи Сомон” аз калонтарин хоҷагиҳои ангурпарварии мамлакат ба шумор рафта, саҳмдорони он таҷрибаи бойи нигоҳубини ток ва ангурпарварӣ доранд.

Саҳми хоҷагӣ дар таъмини аҳолии маҳаллӣ бо ҷойи кор назаррас буда, хусусан дар мавсими ҷамъоварии ҳосил то 3 ҳазор нафар бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин мегарданд. 

Айни замон дар заминҳои хоҷагӣ ангурҳои навъи “Ҳусайнии сиёҳу сафед”, “Ғалаба”, “Шоҳона”, “Пешпазак”, “Кишмиши сиёҳу сафед”, “Президент”, ки асосан навъҳои маҳаллӣ ба шумор мераванд, парвариш карда мешавад. Тибқи нишондодҳо, имсол нисбат ба солҳои қаблӣ токзор ҳосили бештар дорад.

Бо дарназардошти талабот, хоҷагӣ имсол барои содирот аз ҳисоби ҳосили токзор мавизи сиёҳ омода карда, аллакай беш аз 1000 тонна ба дигар давлатҳо содирот намудааст.

Ангури истеҳсолгардида дар хоҷагӣ дар баробари таъмини бозори дохилӣ, ҳамчунин ба Федератсияи Русия ва ҷумҳуриҳои Қазоқистону Покистон содирот карда мешавад. Ҳамасола аз нисф бештари маҳсулоти ҷамъоваришуда ба дигар кишварҳо содирот мегардад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулинро вазифадор намуданд, ки ҳосили пурбори токзорҳоро бо назардошти тамоми меъёрҳо саривақт ҷамъоварӣ намуда, дар баробари фурӯш, ҳамчунин захирасозии онро дар сардхонаҳо хуб ба роҳ монанд, то аҳолӣ дар фасли зимистон ҳам бо ин навъи маҳсулот таъмин карда шавад. 

Манбаъ: president.tj

Tags: