Офаридаҳои Далер Миҳтоҷов дар Осорхонаи миллӣ ба намоиш гузошта мешаванд

Панҷумин намоиши асарҳои тозаэҷоди рассоми ҷавон ва муваффақи тоҷик Далер Миҳтоҷов таҳти унвони «Гулбоғи Хайём» 17 декабри соли равон соати 15:00 дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон баргузор мегардад.
Дар намоиш 50 ҳунари наққошии рассом аз ашъори Умари Хайём манзури тамошобинон мегарданд. «Мавзӯи рубоиёти шоири барҷастаи форсу тоҷик Умари Хайём гуногун буда, аксаран афкори фалсафӣ ва мушоҳидаҳои ӯро нисбат ба ҳаёт ва иҷтимоъ дар бар мегиранд. Шоир як умр дар орзуи ҷомеаи хаёлӣ ва афсонавие буд, ки дар он мардумон шодком бошанд ва ғаму андӯҳ яксара аз олам бардошта шавад. Дунёи идеалие, ки ӯ тасаввур мекард, танҳо аз хушбахтиву нишот иборат буд. Ман ҳам кӯшиш кардам, ки ана ҳамин орзуву ормони тамоми мардумони рӯи оламро тасвир кунам»,-иброз намуд Далер Миҳтоҷов.
Далер Миҳтоҷов омӯзгори Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи Олимов буда, ҳамзамон дар Иттифоқи рассомон фаъолият мекунад. Офаридаҳои муаллиф дар осорхонаҳои Тоҷикистон ва хориҷ аз он маҳфузанд. Намунаи корҳои ӯ дар Россия, Чин, Туркия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон ба намоиш гузошта шуда, мутахассисон ба ҳунари рассом баҳои баланд додаанд.
Тибқи иттилои рассом, намоиш бо дастгирии Осорхонаи миллии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи рассомони Тоҷикистон, Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи Олимов ва Институти Ҷамъияти кушода «Бунёди Мадад» дар Тоҷикистон ташкил гардида, давоми 1 моҳ идома меёбад.

АМИТ «Ховар»

Tags: