«РАВАНДИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахти Тоҷикистон Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба мубориза бо терроризм баргузор мегардад

ТВТ.19.09.2022. Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз ҳаракати террористҳо» 18-19 октябри соли 2022 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба иттиллои манбаъ, конфронси дурӯзаи мазкур аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Дафтари зиддитеррористии Созмони Милали Муттаҳид (UNOCT), Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи боздоранда барои Осиёи Марказӣ (UNRCCA), Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), Иттиҳоди Аврупо (ИА), Подшоҳии Арабистони Саудӣ ва Давлати Қатар ташкил хоҳад шуд.

«Ҳадафи ҳамоиш тавсеаи ҳамкории дуҷониба, минтақавӣ ва байналмилалӣ ҷиҳати таҳкими назорати сарҳадӣ ва гумрукӣ ба мақсади пешгирӣ ва ошкорсозии ҳаракати террористҳо, минҷумла ҷангҷӯёни хориҷии террорист (FTF), муомилоти ғайриқонунии  аслиҳаи хурд ва сабук, лавозимоти ҷангӣ ва маводди тарканда, таслиҳот ва маводди ҳастаӣ, кимиёвӣ, биологӣ ва радиатсионӣ, инчунин андешидани тадбирҳои зарурӣ дар бобати таъмини амният ва мудирияти сарҳад, адолати судӣ ва табодули иттилоот мутобиқи меъёрҳои ҳуқуқи инсон, ҳуқуқи байналмилалии башардӯстона ва паноҳандагон маҳсуб меёбад»,- таъкид намуданд дар ВКХ Тоҷикистон.

Бояд зикр намуд, ки Конфронс ҷузъи таркибии «Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм» ба шумор меравад, ки моҳи майи соли 2018 дар пайи баргузории нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” (Душанбе, 3-4 майи соли 2018) аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо ниҳодҳои СММ, САҲА ва Иттиҳоди Аврупо, роҳандозӣ шудааст. Дар ҳамкорӣ бо Дафтари зиддитеррористии СММ (UNOCT) дар чаҳорчӯби ин раванд инчунин Конфронси сатҳи баланд таҳти унвони “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккил» 16-17 майи соли 2019 дар шаҳри Душанбе доир гардидааст.

Дар бахши ифтитоҳии Конфронс суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш, муовини Дабири кулли СММ, Роҳбари Дафтари зиддитеррористии СММ ҷаноби Владимир Воронков ва як қатор вазирон ва дигар намояндагони воломақоми кишварҳои хориҷӣ дар назар аст.

Натиҷаҳои Конфронс дар «Эъломияи Душанбе оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз ҳаракати террористҳо»” инъикос хоҳанд гардид.

Маълумоти муфассал ва пайванди электронӣ барои бақайдгирӣ дар сомонаи расмии Конфронс дастрас мебошад.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Tags: