ТВТ.13.09.2022. 9 сентябр мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Давлатшо Гулмаҳмадзода бо Вазири варзиши он кишвар Олег Матитсин баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни мулоқот миёни ҷонибҳо перомуни рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи варзиш табодули афкор сурат гирифт. Дар зимн мусоҳибон дурнамои таҳкими робитаҳои варзиширо дар доираи СҲШ мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ёдовар мешавем, ки 15-18 сентябр дар Тоҷикистон Форуми сармоягузории Русияву Тоҷикистон ва намоишгоҳи муҳандисии тахассусии «Спестмаш – Тоҷикистон 2022» баргузор мегардад.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»