ТВТ.12.09.2022. Раиси Милли Меҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон Соҳиба Ғаффорова 12-уми сентябр пас аз мулоқот бо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ВАО суҳбат намуд. Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.
Ба гуфтаи Соҳиба Ғаффорова, имрӯз равобити Тоҷикистон ва Озарбойҷон ба таври афзоянда рушд мекунанд. Имсол ба барқарор шудани равобити дипломатӣ миёни ду кишвар 30 сол пур шуд. Дар оғози сол ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон баргузор гардид. Сипас сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва дигар роҳбарони воломақоми Тоҷикистон ба Озарбойҷон сурат гирифт.
«Баргузории мулоқоти имрӯза бо роҳбарияти олии Тоҷикистон имкон дод, ки бори дигар рушди минбаъдаамонро баррасӣ кунем. Аз ин лиҳоз равобити байнипарлумонӣ яке аз самтҳои асосии рушди муносиботи ду кишвар маҳсуб мешаванд», — гуфт ӯ.
Ёдовар мешавем, ки бо даъвати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ шоми 10 сентябр Раиси Милли Меҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон Соҳиба Ғаффорова бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»