Дар Вашингтон 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил карданд

ТВТ.12.09.2022. 8 сентябр ба ифтихори 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ИМА ҳамоиш тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Сафорати Тоҷикистон дар Вашингтон хабар доданд.  

Дар ҳамоиш намояндагони ҷамъятҳои тоҷик, донишҷӯён ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҳудуди шаҳри Вашингтон таҳсил ва фаъолият менамоянд, иштирок доштанд.

Ҳамоишро мушовири Сафорати Тоҷикистон дар ИМА Пайрав Амирзода ифтитоҳ намуда, ҳозиринро ба 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуд.

Зимни суханронӣ аз дастовардҳои кишвар дар даврони Истиқлолият ва саҳми назарраси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давлатдории муосири миллӣ, таъмини сулҳу субот ва баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ таъкид намуд.

Инчунин, дар ҳамоиш Профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Мамадназаров Абдусалом, намояндаи ҷамъяти тоҷик Фирӯз Ҷонбилов суханронӣ намуданд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

 

Tags: