ТВТ.27.08.2022. 27-уми август дар шаҳри Кӯлоб Форуми байналмилалии иқтисодии «Кӯлоб-2022» оғоз гардид, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар шубаи иттилооотӣ ва таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон.
Пеш аз оғози кори форум иштирокчиён аз намоишгоҳи маҳсулоти саноатию кишоварзӣ ва зарфиятҳои иқтисодию тиҷоратии вилояти Хатлон дидан намуданд.
Дар форум беш аз 300 нафар, аз ҷумла роҳбарону масъулони мақомоти давлатӣ, намояндагони доираҳои соҳибкорӣ аз Чин, Эрон, Узбекистон, Русия, Кореяи Ҷанубӣ, Амороти Муттаҳидаи Араб, Арабистони Саудӣ, Қазоқистон, Туркия, корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон ва соҳибкорону сармоягузорони ватанӣ ширкат доранд.Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода форумро ифтитоҳ намуда, иштирокдоронро ба Хатлонзамин хайрамақдам гуфт ва доир ба зарфиятҳои иқтисодию сармоягузории вилоят ба ҳозирин маълумот дод.Интизор меравад, ки дар форум ҳамчунин Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода, Вазири нақлиёт Азим Иброҳим, роҳбари намояндагии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ дар Тоҷикистон Мунео Такасака, сармоягузорони хориҷӣ, соҳибкорони ватанӣ ва дигарон доир ба имтиёзҳои давлат барои дастгирии соҳибкорон, рушди тиҷорат, содагардонии ҳуҷҷатҳо, самтҳои афзалиятнок ва судбахши ҳамкории тиҷоратӣ, лоиҳаҳои амалкунанда, натиҷаҳои бадастомада ва дурнамои ҳамкорӣ маълумот манзур намоянд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»