ТВТ.16.08.2022. Ширкати содиротию суғуртавии «KazakhExport» тасмим гирифтааст, ки дилхоҳ пешниҳод ва дархостҳои соҳибкорони Тоҷикистонро, ки аз Қазоқистон молу маҳсулот ворид менамоянд, дар ҳамкорӣ бо Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ҷонибдорӣ намояд. Ин нуктаро раиси Раёсати ширкати содиротию суғуртавии «KazakhExport»-и Қазоқистон Калигазин Аслан зимни мулоқот бо раиси Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Сироҷиддин Икромӣ дар Душанбе изҳор намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» иттилоъ доданд.
Сироҷиин Икромӣ зикр намуд, ки «Амонатбонк» дар раванди сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша омодаи он аст, ки соҳибкорони ватаниро барои рушд додани соҳибкории хурду миёна ва дарёфти шарикони рушди боэътимод дастгирӣ ва ба ворид намудани молу маҳсулот аз Қазоқистон мусоидат намояд.
Баъди мулоқот миёни Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ва ширкати содиротию суғуртавии «KazakhExport» оид ба зиёд намудани ҳаҷми иловагии маблағгузорӣ то 15 миллион доллари амрикоӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд.
Раиси ширкати содиротию суғуртавии «KazakhExport» иброз дошт, ки «Амонатбонк» метавонад дархостҳои иловагии пайдошударо то ҳаҷми 23 миллион доллари амрикоӣ ба «KazakhExport» пешниҳод намояд. «KazakhExport» дар навбати худ омода аст дархостҳоро баррасӣ ва дастгирӣ намояд.
Дар сурати аз худ шудани меъёри ҷудогардида аз ҷониби ширкати содиротию суғуртавии «KazakhExport» маблағи умумӣ беш аз 30 миллион доллари амрикоиро ташкил менамояд. Алҳол аз ҳисоби маблағҳои ширкати содиротию суғуртавии «KazakhExport» ба 6 лоиҳаи соҳибкорони ватанӣ ба маблағи 8,75 миллион доллари амрикоӣ тавассути маблағгузории савдо хатҳои аккредитивӣ кушода шудаанд.
Ҳадафи асосии ба имзо расонидани Ёддошти тафоҳум- ҷалби сармояи мустақим ба иқтисодиёти Тоҷикистон ва зиёд намудани ҳаҷми гардиши молу маҳсулот миёни Тоҷикистон ва Қазоқистон мебошад.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»