Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Олмон

Дар шаҳри Ҳамбурги Олмон дар ҳошияи иҷлосияи 23-юми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) 7 декабр мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Федеративии Олмон Франк-Волтер Штайнмайер баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба натиҷаҳои раёсати Олмон дар САҲА дар соли 2016, бандҳои асосии рӯзномаи иҷлосияи Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ, инчунин масъалаҳои ҳамкории минбаъдаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо САҲА ва кишварҳои ширкаткунандаи он мубодилаи афкор намуданд.

АМИТ «Ховар»

 

Tags: