Форуми занони СҲШ аз Самарқанд ба Тошканд кӯчонида шуд

ТВТ.13.08.2022. Форуми занони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ)-ро дирӯз ба дигар ҷой гузарониданд: он 19 август дар Тошканд баргузор мешавад. Охири моҳи июл хабар дода буданд, ки дар назар аст форум 18-19 август дар Самарқанд гузаронида шавад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Сенати Узбекистон.

«19 августи соли 2022 дар шаҳри Тошканд боз як чорабинии бонуфуз — Форуми навбатии чоруми занони Созмони ҳамкории Шанхай баргузор мегардад», — хабар доданд дар маркази матбуот.

Ҳамоиш бо ҳадафи рушди минбаъдаи ҳамкории кишварҳои узви СҲШ дар самтҳои муҳимтарини ҳадафҳои рушди устувор ва табодули таҷриба дар бахши таъмини баробарии гендерӣ, тавсеаи ҳуқуқ ва имконияти занон дар фазои созмон баргузор мешавад.

Ёдовар мешавем, ки форуми қаблӣ-сеюми занони кишварҳои узви СҲШ дар доираи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай 10 июни соли 2021 дар шаҳри Душанбе баргузор шуда буд. Форуми нахустини занон таҳти шиори «Ҳамоҳангсозии неруҳои занон барои мусоидат ба рушди муштарак» аз 15 то 17 майи соли 2018 дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин гузашта буд. 15-16 майи соли 2019 дар шаҳри Бишкек Форуми дуюми занони кишварҳои узви СҲШ баргузор гардид.

СҲШ — созмони байналмилалиест, ки соли 2001 таъсис ёфтааст. Дар он Ҳиндустон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Покистон ва Узбекистон ширкат мекунанд.

Давлатҳои нозир – Афғонистон, Беларус, Эрон ва Муғулистон, кишварҳои шарик – Озарбойҷон, Арманистон, Камбоҷа, Непал, Туркия ва Шри-Ланка мебошанд.

Дар нишасти сарони СҲШ дар Душанбе моҳи сентябри соли 2021 тартиби пазируфтани Эрон ба ин созмон ва додани мақоми шарики муколама ба Миср, Қатар ва Арабистони Саудӣ оғоз шуд.

Соли равон Беларус расман дархости шомил шудан ба СҲШ-ро ҳамчун узви комилҳуқуқ пешниҳод намуд.

Айни замон Узбекистон раёсати ин созмонро бар уҳда дорад.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Tags: