«БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН». Ҷаласаи васеи ҳайати комиссияи экспертии озмуни ҷумҳуриявӣ доир шуд

ТВТ.13.08.2022. Аз 8 то 10 август дар Агентии содирот ҷаласаи васеи ҳайати Комиссияи экспертии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин содироткунандаи Тоҷикистон» оид ба муайян намудан ва интихоби беҳтарин содироткунандаи сол (иштирокчӣ) аз рӯи номинаҳои муқаррарнамудаи қоидаҳои озмун баргузор шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Агентии содироти ҷумҳурӣ.

Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин содироткунандаи Тоҷикистон» дар асоси Барномаи давлатии рушди содироти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ва Қоидаҳои Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин содироткунандаи Тоҷикистон» баргузор карда мешавад.

Мақсад аз баргузории озмун- афзоиш додани ҳаҷм ва рақобатпазирии маҳсулоти содирот, бахусус маҳсулоти дорои арзиши иловашудаи баланд ва маҳсулоти ашёи ғайрихом, тақвият додани ҳавасмандӣ ва омилҳои ба рушди истеҳсолоти ба содирот нигаронидашуда, мусоидат кардан ба беҳтар намудани нуфузи тиҷоратии Тоҷикистон ва эътибори содироткунандагони ватанӣ дар бозори ҷаҳонӣ мебошад.

То имрӯз 61 субъекти ватанӣ сарфи назар аз шакли моликият, ки ба содироти маҳсулот, кор ва хизматрасонӣ машғуланд, дархост пешниҳод намудаанд. Аз ҷониби гурӯҳи корӣ натиҷаҳои баҳодиҳии меъёрҳои асосӣ гузаронида шуда, ғолибони асосӣ барои иштирок дар озмун тибқи қоидаҳои он муайян карда мешаванд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Tags: