«ҶОМИ ПОЙТАХТ». Дар истироҳатгоҳи беруназшаҳрӣ олимпиадаи даставӣ баргузор мегардад

ТВТ.12.08.2022. Аз 15 то 21 августи соли 2022 бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар истироҳатгоҳи беруназшаҳрии «Зимчурӯд»-и ноҳияи Шоҳмансур лагери омӯзишиву истироҳатии хонандагони болаёқат ва Олимпиадаи даставии «Ҷоми пойтахт» баргузор мегардад.

Олимпиадаи мазкур бо мақсади амалисозии тадбирҳо вобаста ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон гардидани солҳои 2020-2040 баргузор мегардад.

Баргузории олимпиадаи мазкур имкон медиҳад, ки хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба омӯзиши амиқи фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ ҷалб гардида, бо ин роҳ истеъдодҳои нав  дарёфт ва муаррифӣ гарданд.

Инчунин озмун ба касбинтихобкунии наврасон аз рӯйи ихтисосҳои ба фанҳои мазкур алоқаманд мусоидат менамояд.

Ёдовар мешавем, ки бо мақсади боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас аз ҷониби Пешвои миллат солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон карда шуд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Tags: