Муҷассамаи Сино ба наздикии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон кӯчонида мешавад

Имрӯз зимни мулоқоти Шамсиддин Орумбекзода, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дебора Коузинс, Директори шуъбаи Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) оид ба масоили муҳити зист ва рушди устувор ҷиҳати кӯчонидани муҷассамаи Абӯалӣ ибни Сино дар доираи лоиҳаи Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба беҳтарсозии роҳҳо суҳбат сурат гирифт. Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд. «Дар мулоқот Ҷамшед Раҳмонбердиев, мутахассиси пешбари БАТР дар Тоҷикистон ва Шаҳноза Солиева, таҳлилгари бонк низ ҳузур доштанд»,-зикр кард манбаъ.
«Интихоби мавзеъ барои кӯчонидани муҷассама якҷоя бо ҳама вазорату идораҳои дахлдор мавриди омӯзиш қарор гирифтааст ва муҷассама ба мавзеи нав бе расонидани зарар ба муҳити зист ва арзиши мероси фарҳангӣ кӯчонида мешавад»,- иброз дошт Шамсиддин Орумбекзода.
«Муҷассамаи асосгузори илми тиб Абӯалӣ ибни Сино ба маҳаллаи 81-уми пойтахт, воқеъ дар қисмати ғарбии хиёбони А. Сино ва наздикии Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи А. Сино кӯчонида мешавад. Мавзеи нави муҷассама масоҳати 2 гектарро фаро мегирад»,-хабар дод манбаъ.

АМИТ «Ховар»

Tags: