«Амонатбонк» ба фаъолияти хазинаҳои шабонарӯзӣ таҳким бахшидааст

Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар робита ба  Солҳои  рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ фаъолияти 11 адад хазинаҳои шабонарӯзии  худро дар шаҳрҳои Душанбе, Ҳисор, Исфара, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб ва Хоруғ, ки 24 соат ба аҳолӣ ва сайёҳон хизмати гуногуни бонкӣ мерасонанд, тақвият бахшидааст.

Хусусан барои  дастрасии ҳамаҷонибаи  мизоҷону сайёҳон  ба хизматрасониҳои  бонкӣ  соли равон  80 адад ва ё 15 фоизи  марказҳои хизматрасонии бонкӣ  ба шафати  роҳҳои байналмилалӣ, дохили марказҳои савдою бозорҳо ва чорроҳаҳо кӯчонида шуданд, ки ин раванд барои самаранокии фаъолият ва муҳайё  сохтани  шароит ба муштариён замина гузошт.

Бояд тазаккур дод, ки Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Амонатбонк»  дар самти афзоиши шумораи   филиалҳои хеш бо мақсади   боз ҳам дастрас  гардонидани   хизматрасониҳои  бонкӣ ба аҳолӣ  ва нигоҳ доштани мавқеяш дар низоми  бонкии мамлакат теъдоди марказҳои  хизматрасонияшро ба 546 адад расонид.

АМИТ «Ховар»

Tags: