Дар Пекин доир ба саҳми Пешвои миллат дар истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон мизи мудаввар баргузор гардид

ТВТ.02.07.2022. 30 июн дар шаҳри Пекин мизи мудаввар дар мавзӯи «Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон — меъмори сулҳ ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон» баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Сафири Тоҷикистон дар Чин Зоҳир Саидзода дар суханронии ифтитоҳии худ дар бораи саҳми Президенти мамлакат, Пешвои миллат ҳамчун меъмори сулҳ дар Тоҷикистон дар таъмин намудани сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ дар Ватан, ташаббусҳои ҷаҳонӣ ва дастовардҳои назарраси кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ, алалхусус тақвияти кунунии равобити Тоҷикистону Чин дар ростои 30-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ таъкид намуд.

Дар ҳошияи ин ҳамоиш дар шакли маҷозӣ муовини Президенти Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон профессор Абдураҳмон Муҳаммад ва сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати дохилии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маъруф Абдуҷаборов, инчунин аз соири иштирокдорон дар шакли ҳузурӣ муовини Котиби генералии Созмони ҳамкории Шанхай Сохайл Хан, директори тадқиқоти Аврупои Донишгоҳи байналмилалии Чин Хан Лу, роҳбарияти муассисаи таълимии Русия, Аврупои Шарқӣ ва кишварҳои Осиёи Марказии Чин ва дигар муассисаҳои илмии ин кишвар суханронӣ карданд.

Ба ҳозирин филми мустанад дар бораи таърихи истиқлолияти кишвар ва саҳми беназири Пешвои миллат дар истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллӣ, ба имзо расидани Созишномаи умумии сулҳ ва ризоияти миллӣ, баргардонидани гурезагон ба Ватан, ташаккулёбии давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва сиёсати хирадмандонаи Роҳбари давлат дар арсаи байналмилалӣ ба таваҷҷуҳи меҳмонон манзур гардид.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Tags: