Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сафири Чин дар Тоҷикистон Тсзи Шумин мулоқот намуданд

ТВТ.24.06.2022. 23-юми июн Раиси Маҷлиси миллии  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тсзи Шумин мулоқот анҷом доданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

Дар мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкорӣ миёни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Чин мавриди музокирот қарор дода шуд.

Рустами Эмомалӣ дар оғози суҳбат Тсзи Шуминро бо оғози фаъолияти намояндагӣ дар Тоҷикистон шодбош гуфта, бо итминон иброз доштанд, ки бо талошу фаъолияти самарабахш ҷиҳати такони тоза бахшидан ба муносибатҳои шарикии ду кишвари ҳамсоя дар арсаҳои гуногуни ҳамкорӣ саҳми арзанда мегузоранд.

Ҷонибҳо ба рушди ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ аҳамияти аввалиндараҷа дода, таъкид намуданд, ки Чин ва Тоҷикистон дорои имконият ва захираҳои фаровони ҳамкории гуногунҷанба мебошанд.

Тайи солҳои барқарории муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Чин ҳамкории мутақобилан судманд дар соҳаҳои гуногун бахусус амалисозии лоиҳаҳои сохтмонӣ дар шаҳри Душанбе хеле васеъ ба роҳ монда шудаанд.

Ҷонибҳо ҳавасмандии хешро ҷиҳати рушду густариши бештари ҳамкорӣ миёни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Чин дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, гуманитарӣ, тандурустӣ, маориф, фарҳанг, сайёҳӣ ва кишоварзӣ таъкид намуданд.

Ба сафорати Чин дар Тоҷикистон барои мусоидат дар расонидани кумаки моддии Ҳукумати Чин дар шакли ваксинаҳои зидди короновирус дар давраи паҳншавии ин бемории сироятӣ ва техникаҳои коммуналии замонавӣ изҳори сипос карда шуд.

Дар рафти музокирот ҳамчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи назари тарафайн баррасӣ гардид.

Манбаъ: dushanbe.tj

Tags: