Мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо роҳбарияти ширкати малайзии «Hos powertech international»

11 октябри 2016 бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Малайзия мулоқоти Сафири Тоҷикистон дар Малайзия М. Муҳаммадӣ бо директори иҷроияи ширкати «HOS Powertech International SDN. BHD» Дато Субраманиам Ратнавелу баргузор гардид.
Дар мулоқот масъалаҳои марбут ба иҷрои Шартномаи консессионии бунёди Маркази барқу гармдиҳии Шӯроб, ки байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати малайзӣ ба имзо расидааст, мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифт.
Метавон ёдовар шуд, ки дар доираи Шартномаи мазкур маблағгузории ҷониби малайзӣ ҷиҳати навсозӣ ва ба истифода додани иқтидорҳои истеҳсолии ҶСК «Ангишт», лоиҳакашӣ, сохтмон ва истифодаи тиҷоратии Маркази барқу гармдиҳии Шӯроб ва дигар зерсохторҳо дар ҳаҷми 400 000 доллари ИМА пешбинӣ шудааст.

АМИТ «Ховар»

Tags: