ТВТ. 18.06.2022. Доварони Тоҷикистон бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2023 оид ба футбол миёни тимҳои миллиро ҳакамӣ карданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Довари ФИФА Гулмуроди Саъдулло аз Душанбе ба ҳайси довари марказӣ дар бозии гурӯҳи «Е» миёни дастаҳои Малайзия – Баҳрайн (1:2) ва ҳамчунин дар бозии мунтахабҳои Туркманистон – Малайзия (1:3) ба ҳайси довари чорум фаъолият кард.
Довари дигари Тоҷикистон, довари ФИФА Насрулло Кабиров (Норак) дар бозии интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар гурӯҳи «А» байни яккачинҳои Кувайт – Индонезия (1:2) доварӣ марказӣ буда, дар рақобати тимҳои Непал – Кувайт (1:4) довари эҳтиётӣ таъйин шуда буд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»