Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СААД дар Ереван иштирок кард

ТВТ. 11.06.2022 . 9-10 июн дар шаҳри Ереван ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) иштирок кард. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ҷаласа вазирон вазъи минтақавию байналмилалӣ ва таъсири он ба амнияти давлатҳои узви СААД-ро баррасӣ карда, мубодилаи афкор атрофи такмили абзори вокуниш ба буҳронҳо анҷом доданд.

Аз натиҷаи ҷаласа вазирон Нақшаи машваратҳои намояндагони давлатҳои узви СААД оид ба сиёсати хориҷӣ, амният ва мудофиа барои солҳои 2022-2024-ро тасдиқ карда, Изҳорот оид ба масъалаҳои амнияти байналмилалӣ қабул намуданд.

Дар ҳошияи ҷаласа вазирон аз ҷониби Раиси Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ, Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Н.В.Пашинян ба ҳузур пазируфта шуданд.

Ҷаласаи навбатии ШВКХ СААД дар семоҳаи чоруми соли 2022 дар шаҳри Ереван баргузор мегардад.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Tags: