Меҳмонон ва иштирокдорони Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба об аз ноҳияи Варзоб боздид карданд

ТВТ.10.06.2022. 6-уми июн меҳмонон ва иштирокдорони Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки аз 6 то 9 июни соли равон дар Душанбе баргузор гардид, аз ноҳияи Варзоб, ки он дар қисмати шимолии шаҳри Душанбе ҷойгир шудааст ва бо табиати зебо, куҳҳои осмонбӯс, обҳои мусаффо ва шифобахшаш диққати сокинони оламро ба худ ҷалб намудааст, дидан карданд.

Нахуст меҳмонон аз истироҳатгоҳи «Хоҷа обигарм», ки он дар баландии 1740—1960 метр ҷойгир аст, боздид намуданд. Манзараҳои зебои гирду атрофи ин истироҳатгоҳ дили меҳмононро тасхир кард. Дар ин ҷо меҳмонон инчунин аз гулу гиёҳҳои дармонбахши Тоҷикистон харидорӣ намуданд.

Сипас меҳмонон аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ, ки он дар Маҷмааи истироҳатӣ-фароғатии «Кохи Малика» ташкил шуда буд, боздид намуданд ва бо шароиту имкониятҳои истироҳат дар Маҷмааи мазкур шинос гардиданд.Бояд тазаккур дод, ки меҳмонону иштирокдорони конфронс ҳамзамон аз неругоҳҳои барқии обии «Роғун», «Норак», мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ва истироҳатии Душанбе ва Ҳисор боздид намуда, бо захираҳои бой ва иқтидори обию энергетикӣ ва ёдгориҳои бостониву фарҳангии Тоҷикистон шинос гардиданд ва таассуроти нек бардоштанд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Tags: