Ҳайати Тоҷикистон дар 25-умин Cаммити иқтисодии кишварҳои Авруосиё дар Туркия иштирок намуд

ТВТ. 09.06.2022. 8 июн дар Туркия  25-умин Саммити иқтисодии кишварҳои Авруосиё зери унвони «Ҳамкорӣ ва шарикӣ дар байни ҷомеаҳои тиҷорати ҷаҳонӣ: Ба сӯи ҷаҳони рақамии бештар, ба сӯи ҷаҳони сабзтар» баргузор гардид, ки  дар он Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Саъдӣ Қодирзода иштирок ва суханронӣ намуд, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар» Манижаи МАҚСУД.

Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба аҳамияти таҳкими ҳамкории мутақобилан судманд байни кишварҳои минтақа, фазои мусоид ва имкониятҳои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъсиси корхонаҳои муштарак дар қаламрави мамлакат, вазъи иқтисодӣ, ҳадафҳои стратегӣ, иқтидори гидроэнергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаббусҳои байналмилалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар соҳаи об ибрози андеша намуд.

Роҳбари ҳайати Тоҷикистон ҳамчунин оид ба Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028, ки ин рӯзҳо дар шаҳри Душанбе баргузор шуда истодааст, маълумот пешниҳод намуд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Tags: