Тоҷикистон дар раддабандии Ташкилоти байналмилалии «British Backpacker Society» аз рӯи имкониятҳои саёҳати саргузаштӣ ва пиёдагардӣ ба даҳгонаи кишварҳои беҳтарини ҷаҳон шомил шуда, мавқеи 7-умро ишғол намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар панҷгонаи аввали ин раддабандӣ Покистон, Россия, Ҳиндустон, Туркия ва Қирғизистон қарор доранд.
Маврид ба зикр аст, ки бо талошҳои созанда ва пайгиронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба захираҳои сайёҳии Тоҷикистон зиёд гардида, симои мамлакат ҳамчун давлати осоишта ва дорои захираҳои бойи сайёҳӣ боз ҳам устувор мегардад.
“Дар рӯзҳои аввали Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардид, дар даҳгонаи аввали назарсанҷии Ташкилоти бритониёии саёҳати пиёдагардӣ, ки давоми 4-5 соли охир ба зиёда аз 80 кишвари дунё сафар карда, макони беҳтаринро барои саёҳати пиёдагардӣ ва саргузаштӣ интихоб намуданд, шомил гардидани Тоҷикистон аз рушди сайёҳӣ дар кишвари мо шаҳодат медиҳад”, -хабар доданд аз Кумитаи рушди сайёҳӣ.
Ташкилоти байналмилалии “British Backpacker Society” ҷамъияти сайёҳиест, ки тасмим дорад ин гуна сафарҳоро идома дода, ҷуғрофияи давлатҳои тавсиявиро барои саёҳат дар соли 2018 васеъ намояд.
Саёҳати пиёдагардӣ яке аз намудҳои саёҳати шахсӣ ва нисбатан арзон буда, фарогири истифодаи нақлиёти ҷамъиятӣ, меҳмонхонаҳои арзон (бо истифода аз ҳостелҳо), замонати будубоши тӯлонитар ва арзон дар муқоиса ба рухсатиҳои истироҳатӣ ва рағбати шиносоӣ бо анъана ва расму оинҳои мардумӣ арзёбӣ мегардад.
Бояд зикр намуд, ки дар самти содагардонии будубоши шаҳрвандони хориҷӣ, бахусус сайёҳон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ислоҳоти назаррас гузаронида шудааст. Аз ҷумла, низоми раводиди электронӣ, ки аз соли 2016 ҷорӣ гардид, ба он мусоидат намуд, ки ҷуғрофияи ташрифи сайёҳон аз 109 давлат то ба 146 давлат васеъ карда шавад.
Дастгирии навбатии Пешвои миллат ҷиҳати то 10 рӯз тамдид намудани муҳлати бақайдгирӣ дар мақомоти корҳои дохилӣ, ки дар Паёми имсолаи Сарвали давлат пешниҳод шуд, иқдоми ниҳоят саривақтӣ буда, барои осон намудани фаъолияти ширкатҳои сайёҳӣ ва будубоши бемамониати сайёҳон ва меҳмонони хориҷӣ ва ҷалби васеи сайёҳон дар ҷумҳурӣ такони хуб хоҳад бахшид.
АМИТ "Ховар"