ТВТ. 06.06.2022. 6-уми июн дар Форуми оби ҷавонон ва кӯдакон масъалаҳои ҷалби ҷавонону наврасон ба пушбурди масъалаҳои вобаста ба об, амалисозии нақшаву тарҳҳои онҳо дар самти бартараф намудани мушкилоти алоқаманд ба иқлим ва ғайра баррасӣ шуд.
Ҷавонон ва наврасон, ки оянда идоракунии ҳамаи соҳаҳоро бар дӯш мегиранд, аз имрӯз бояд омода бошанд, муттаҳид шуда, тарҳҳои ҷадидро роҳандозӣ ва марҳила ба марҳила амалӣ намоянд. Ҳадаф аз сарҷамънамоии ҷовонон аз кишварҳои гуногун, маҳз ба хотири саҳм гузоштанашон дар татбиқи ҳадафҳои даҳсолаи байналмилалии амал об барои рушди устувор солҳои 2018 - 2028 мебошад.
Дар ин форум аз 33 кишвари олам ҷавонон ва наврасон иштирок намуда, доир ба мутобиқшавӣ ба тағирëбии иқлим, пайдо намудани роҳҳои мусоид барои бартараф намудани мушкилоти марбут ба об ва дигар хатарҳои пешгӯишаванда ибрози назар карданд.
Ҷавононе иштирокчии чорабини буданд, ки асосан бо илм ва истеҳсолот сару кор доранд. Тозагии муҳити зист, обу иқлим, инчунин солимии мардуми сайëра аз илм ва истеҳсолот вобаста мебошад. Муҳимтарин масъалаҳое, ки дар форум баррасӣ шуд, ин таъмини беҳдошти санитарӣ, ҳифзи муҳити зист ва саломатии инсонҳо мебошад.
Таъкид карда шуд, ки ҷавонони Тоҷикистон ҳамчун идомадиҳандаи сиёсати дурбинонаи Президенти мамлакат Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳали мушкилоти мавриди назар бетараф нестанд ва сарчам шуда, баҳри ҳалли ҳадафҳои рушди устувор талош меварзанд. Ҳалли мушкилоти марбут ба об бе иштироки фаъоли ҷавонон душвор ҳисобида шуд. Аз ин рӯ наслид ҷавон бояд барои бунёди ояндаи устувор ҳамаҷониба омода бошад.
Ҷавонон ва наврасон баромад намуда, дар мавзуъҳои ҳифзи муҳити зист, идоракунии об, дастрасӣ ба ба оби мутобиқ ба талабати санитарӣ, ҳуқуқи инсон ба истифодаи оби тоза новобаста аз он, ки дар кадом минтақаи олам зиндагӣ мекунад ва дигар масъалаҳои марбуд ба обу иқлим ибрози назар намуданд. Дар форум ба ҷавонон, аз ҷумла олимони ҷавон имкон дода шуд, ки нақшаву барномаҳои худро доир ба масъалаҳои баррасишаванда озодона баëн кунад то, ки дар оянда баҳри амалисозиашон ташаббус пеш гирифта шавад.
Муаллиф: Садриддин Охунов