Ҳамадонӣ: Ба истиқболи 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ 800 нафар ҳунармандон омодагӣ мегиранд

Бо ташкили Филармонияи мардумии ба номи Одина Ҳошимов дар маркази ноҳияи ба номи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ беҳтарин санъаткорон бо ҳам омаданд ва дар як муддати кӯтоҳ тавонистанд бо барномаи мукаммали фарҳангӣ дар дили  мардум ҷои хешро пайдо намоянд.
Ба қавли  Карим Шарифов, мудири шуъбаи фарҳанги ноҳия ҳунармандони Филармонияи мардумии ба номи Одина Ҳошимов бо барномаҳои консертӣ дар дигар шаҳру ноҳияҳо пайваста баромад менамоянд. Шурӯъ аз оғози сол аҳли фарҳанги ин ноҳия дар баробари тамоми мардуми тоҷик барои истиқболи 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагӣ гирифта истодаанд.
Дар айни замон тамоми ҳунармандони ноҳия ва ҳаваскорон, дар маҷмӯъ беш аз 800 нафар, барномаи ҷашнӣ бахшида ба ин санаи таърихиро омода карда истодаанд.

АМИТ «Ховар»

Tags: