Конфронси дуюми оби Душанбе нақши калидӣ дар баррасии масоили глобалии об хоҳад дошт

Конфронси дуюми Душанбе оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амали об бо мақсади баррасии миёнамуҳлати ин даҳсола аз 6 то 9 июни соли равон дар пойтахти кишвар — шаҳри Душанбе баргузор мегардад. Конфронси дуюми Душанбе ҳамчун ҳалқаи асосӣ барои пайвастани занҷираи чорабиниҳои гуногуни ҷаҳонӣ дар раванди омодагӣ ба Конфронси соли ояндаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба баррасии миёнамуҳлати Даҳсолаи об нақши калидӣ хоҳад дошт. Тавре ба мо иттилоъ доданд омодагии ин чорабинии байналмилалӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст.
Айни ҳол ибтикори чоруми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба масъалаҳои ҷаҳонии об таҳти унвони Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, барои солҳои 2018 – 2028” дар миқёси сайёра амалӣ шуда истодааст, — иброз медорад сардори Раёсати ҳамкории иқтисодии хориҷии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азиз Назар. Бино ба иттилои номбурда  Конфронси дуюми Душанбе оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амали об таваҷҷуҳи иштирокчиёнро, пеш аз ҳама, ба чигунагии шарикии ҳукуматҳо, СММ ва ниҳодҳои он, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ, бахши хусусӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, донишкадаҳо, ҷамоатҳои маҳаллӣ ва дигар ҷонибҳои алоқаманд дар раванди саҳмгузорӣ дар ҳама сатҳҳо дар татбиқи ҳадафҳо ва вазифаҳои марбут ба захираҳои об ҷалб хоҳад кард. Азиз Назар аснои мусоҳиба ба мо иброз дошт, ки ҳадафҳои асосии Конфронси дуюми Душанбе, пеш аз ҳама аз инҳо иборатанд:
• пешниҳоди иттилооти нав оид ба фаъолият ва амалҳое, ки дар Эъломияи ниҳоӣ, хулосаи ҳамраисон ва шарикии Конфронси якуми Душанбе оид ба татбиқи Даҳсолаи амал оид ба об, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва СММ дар соли 2018 ташкил карда шудаанд;
• вусъати дастрасӣ ба ҳадафҳои дар сатҳи байналмилалӣ, минтақавӣ ва миллӣ мувофиқашуда, аз ҷумла тавассути татбиқи чаҳорчӯбаи суръатбахшии ҳадафҳои рушди устувор;
• қабули қарорҳои илман асоснокшуда бо дарназардошти технологияҳои муосир ва инноватсионӣ;
• таҳкими иқтидор, дониш ва таълим тавассути табодули иттилоот ва таҷрибаи пешқадам;
• муаррифии шарикии муваффақ, тарғибот ва шабакавӣ байни ҷонибҳои манфиатдор дар ҳама сатҳҳо;
• таҳкими ҳамкорӣ дар сатҳҳои гуногун тавассути пешбурди муколама, шарикӣ ва равиши байнисоҳавӣ.
Чи тавре мебинем, Конфронси навбатии Душанбе ба баррасии ҳамбастагии захираҳои об ва тағйирёбии иқлим бо дарназардошти рушди манбаъҳои об ҳамчун омили калидии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва коҳиш додани оқибатҳои он нигаронда шудааст. Ин чорабинӣ ҳамчунин барои муҳокимаи дастовардҳо ва мушкилот дар татбиқи Даҳсолаи амал дар соҳаи об имкон фароҳам меорад.
Зимни мусоҳиба ба мо сардори Раёсати ҳамкории иқтисодии хориҷии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азиз Назар зикр кард, ки дар назар аст, ки дар Конфронси дуюми оби Душанбе роҳбарони давлату ҳукуматҳои кишварҳои узви СММ, зерниҳодҳои он, мудирони кулли созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ, коршиносони соҳавӣ, ташкилотҳои гуногуни ҷомеаи шаҳрвандӣ, пажӯҳишгоҳҳои илмӣ ва дигар ҷонибҳои алоқаманд иштирок намоянд. То имрӯз таъйиди иштироки ҷонибҳои манфиатдор идома дорад. Конфронси дуюми Душанбе оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амали об аз аз паҳлуҳои гуногун иборат аст,- илова кард сардори Раёсати мазкур Азиз Назар:
“Барномаи конфронс маросими ифтитоҳ ва хотимавӣ, ду ҷаласаи умумӣ, панелҳои интерактивӣ ва шарикӣ, форумҳои махсуси гурӯҳҳои минтақавӣ ва асосӣ, инчунин намоишгоҳ, фестивали об, марафон, анҷуману чорабиниҳои дигари қабл аз конфронсро дар бар хоҳад гирифт.
Конфронс аз дувоздаҳ панели мавзӯӣ ва интерактивӣ бо мақсади фарогир сохтани ҳадаф ва мавзӯъҳои он иборат аст. Панелҳо ба баррасии Ҳадафҳои рушди устувор, дигар ҳадафҳои марбут ба об, ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба об ва абзорҳои расидан ба онҳо тамаркуз хоҳанд кард. Онҳо дар якҷоягӣ бо шарикони Раванди оби Душанбе, аз ҷумла кишварҳои узви СММ, агентиҳо ва барномаҳои СММ, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ, шарикони рушд, ширкатҳои хусусӣ, инчунин доираҳои илмӣ ва созмонҳои ғайриҳукуматӣ ташкил карда мешаванд”.
Конфронси дуюми Душанбе оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амали об аз ҷаласаҳои пленарӣ ва панелҳои мавзӯиву интерактивӣ иброт  аст,- таъкид кард сардори Раёсати ҳамкории иқтисодии хориҷии Вазорати корҳои хориҷии кишвар Азиз Назар.  Мувофиқи иттилои мавсуф  панелҳо ба се гурӯҳи асосӣ ҷудо шуда, ба мавзӯъҳои гуногун тибқи се ченаки рушди устувор бо дарназардошти давраи пасазбуҳронии ҳамагирии COVID-19 гурӯҳбандӣ шудаанд. Мавзӯъҳои асосии ин чорабиниҳо об барои саломатӣ ва одамон об барои воситаҳои зиндагӣ ва рушди фарогир, об, муҳити зист ва устувории иқлим ва ҳамчунин як гурӯҳи алоҳидаи панелҳои интерактивӣ  ба ҳисоб мераванд, — қайд кард Азиз Назар:
“Форумҳои алоҳида қабл аз чорабинии асосӣ мутобиқи ҳадафҳои Конфронс бо мақсади ҷалби мақсадноки минтақаҳои гуногун, занон, ҷавонон ва дигар гурӯҳҳои асосӣ баргузор хоҳанд шуд. Ба ибораи дигар, ҳадафи форумҳои мазкур ба таври иловагӣ фароҳам овардани майдон барои муҳокимаи васеътари масъалаҳои марбут ба об миёни ҷонибҳои манфиатдор ва минтақаҳои алоҳида мебошад.
Форумҳо инчунин ба иштирокчиён имконият медиҳанд, ки дар доираҳои маҳдуд оид ба татбиқи натиҷаҳои Конфронси якуми Душанбе мулоҳизаронӣ намуда, ҷиҳати пайгирии баъдии он қарорҳои дахлдор қабул намоянд”.
Ҳамчунин сардори Раёсати ҳамкории иқтисодии хориҷии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азиз Назар изҳор медорад, ки  сомонаи  Конфронси дуюми Душанбе оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амали об бо суроғаи www.dushanbewaterprocess.org фаъол буда, саҳифаҳои расмии чорабинӣ дар шабакаҳои иҷтимоии Твиттер ва Фейсбук низ амал мекунанд. Тавре иттилоъ дода шуд  номнависии тамоми ширкаткунандагон, аз ҷумла ҳайатҳои расмӣ дар Конфронси дуюми Душанбе тавассути сомонаи Конфронс сурат мегирад, ки то имрӯз аллакай 2000 нафар барои иштирок дар Конфронси дуюми оби Душанбе номнавис шудаанд. Сардори Раёсати ҳамкориҳои иқтисодии Вазорати мазкур таъкид кард, ки;
“Кишвари мо захираҳои бузурги оби ошомиданиро дар минтақа ва ҷаҳон доро буда, бо дарназардошти таҳдиди гармшавии иқлим ба манбаъҳои об ташаббусҳои дигарро дар робита ба ҳифзи пиряхҳо пешниҳод намудааст. Имрӯз дар ҳамкорӣ бо шарикони байналмилалӣ ба мақсади таъйиди ин ташаббусҳо аз ҷониби СММ тадбирҳои амалӣ андешида мешаванд. Бар ин асос дар доираи нақшаи чорабиниҳои соҳаи оби Тоҷикистон низ баргузории чорабиниҳои сатҳи милливу байналмилалӣ мисли Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, барои солҳои 2018-2028» аз эҳтимол дур нахоҳад буд.
Ҳамчунин бояд қайд кунам, ки Пешвои миллат дар чаҳорчӯбаи нишастҳои Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об ва иқлим пешниҳод намуда буданд, ки соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” эълон карда шавад ва санаи мушаххаси  “Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо” низ муқаррар карда шавад.
Дар баробари ин, зарурати таъсис додани “Бунёди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, ки метавонад захираҳои молиявиро аз сарчашмаҳои гуногун бо мақсади амалӣ намудани чораҳои лозимӣ ва иҷрои вазифаҳо дар ин самт сафарбар намояд, мавриди таъкид қарор гирифта буд.
Кишвари мо ин ташаббусҳоро дар сатҳҳои гуногун ба таври фаъол пеш бурда, дар доираи фаъолияти абзорҳои гуногун бо ҷонибҳои алоқаманд ҳамкорӣ хоҳад кард”.
ҶумҳурииТоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускори байналмилалӣ дар соҳаи об, таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, минбаъд низ бо мақсади татбиқи ҳадафҳои рушди устувори вобаста ба соҳаи об ва беҳдошт, инчунин мусоидат ба муборизаи дастаҷамъонаи башарият бар зидди  норасоии оби нӯшокӣ ва тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи об пайваста талош хоҳад варзид.
Воқеан, боиси ифтихор аст, ки айни замон Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҷаҳон ҳамчун кишвари ташаббускор дар ҳалли масоили глобалӣ ва таъсиргузор дар танзими равандҳои сиёсии минтақа мешиносанд. Давлати мо бо пешбурди сиёсати мантиқӣ ва пешниҳодҳои созандааш мавқеи худро истеҳком бахшид ва дар оянда низ бо қадамҳои устувортар дар паҳнои олам нақшофарӣ хоҳад кард.

Машраби Холмаҳмад
Радиои “Тоҷикистон”

Tags: