Дар Душанбе Конфронси дуюми сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» баргузор мешавад

ТВТ. 01.06.2022. Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» таҳти унвони «Пешбурди амал ва шарикӣ дар соҳаи захираҳои об дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ» 6-9 июни соли 2022  дар Душанбе баргузор мегардад. Конфронси мазкур аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид  /СММ/ ва дигар шарикон  гузаронида шуда,  ба сифати маркази конфронси СММ оид ба Даҳсолаи миёнамуҳлати об (Ню-Йорк, 22-24 марти соли 2023) хизмат мекунад.

Сомонаи конфронс (www.dushanbewaterprocess.org), саҳифаҳо дар шабакаҳои иҷтимоии Twitter (@DWaterProcess) ва Facebook (Dushanbe Water Process) мунтазам бо иттилооти муҳим мукаммал мегарданд.

Мавриди зикр аст, ки  дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон котиботи чорабинӣ иборат аз 11 нафар таъсис дода шудааст, ки ба сарони давлату ҳукуматҳо, роҳбарияти СММ ва дигар созмонҳои марбутаи байналмилалӣ даъватнома ирсол намудааанд. Дар робита ба ин беш аз 2000 нафар меҳмонони хориҷӣ аллакай сабти ном шуда, иштироки худро тасдиқ кардаанд. Қаблан ҳайатҳои расмии кишварҳои узви СММ, созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ, ниҳодҳои молиявӣ, коршиносон ва дигар ҷонибҳои манфиатдор, ки хоҳиши дар Конфронси дуюми Душанбе ширкат варзидан доранд, барои сабт дар сомонаи www.dushanbewaterprocess.org/registration/ даъват шуда буданд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Tags: