Дар Тоҷикистон Шоми фарҳангии Индонезия доир гардид

26 октябр дар Театри академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ «Шоми фарҳангии Индонезия» баргузор гардид. Тадбири мазкур бахшида ба 25 — умин солгарди муносибатҳои дипломатии Ҷумхурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Индонезия дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор гардид.

Тавре директори Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ Манучеҳр Шарифзода ба АМИТ «Ховар» хабар дод, дар «Шоми фарҳангии Индонезия» дар Тоҷикистон роҳбарияти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сафири Ҷумҳурии Индонезия дар Тоҷикистон иштирок намуданд.

Муовини аввали Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Обид Одилзода баргузории ин барномаи сатҳи баландро ба муносибатҳои мутақобилан судманди беш аз ду даҳсола миёни Тоҷикистон ва Индонезия рабт дод. Дар идома зикр гардид, ки тадбири мазкур бо таваҷҷуҳ ба арзишҳои муштараки тамаддунӣ ва фарҳангӣ доир карда шуда, минбаъд низ ташкили чунин чорабиниҳо ба нафъи мардумони ҳарду миллат хоҳад буд.

Дар тақвияти ин андешаҳо Сафири Ҷумҳурии Индонезия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмат Прамоно густариш ёфтани муносибатҳои фарҳангии ду давлатро пуле барои тақвият бахшидани ҳамкорӣ дар соҳаҳои афзалиятнок барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Индонезия арзёбӣ кард. Дар ҳошияи суханрониҳо намояндаи Индонезия аз муносибатҳои олӣ миёни Тоҷикистон ва Индонезия, ки 25 сол мешавад барқарор аст, изҳори хушҳолӣ намуда, баргузории «Шоми фарҳангии Индонезия»-ро барои дӯстии бештари мардумони ҳарду давлат ва муаррифии таъриху фарҳанги миллатҳо иқдоми зарурӣ арзёбӣ кард.

Баъд аз суханрониҳо дастаи ҳунарии  машҳури Индонезия дар саҳнаи Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ як барномаи зебои фарҳангиро пешниҳоди дӯстдорони санъату ҳунари Индонезия дар Тоҷикистон гардонид.

АМИТ «Ховар»

Tags: