Ба ифтихори 1250-солагии Ҳаким Тирмизӣ ва 1150-солагии Закариёи Розӣ дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ҳамоиш доир гардид. Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти вилояти Суғд иттилоъ доданд.
«Арҷ гузоштан ба осори гаронмояи ин мутафаккирони барҷаста барои боз ҳам баланд бардоштани эҳсоси худшиносӣ такони ҷиддӣ мебахшад»,-зикр шуд дар ҳамоиш.
Устодони донишкада, номзади илмҳои фалсафа Абӯбакр Шодиев ва номзади илмҳои таърих Мӯътабар Ғозиева дар бораи зиндагӣ ва осори ин файласуфон сухан гуфтанд.
«Бо вуҷуди гузашти беш аз 1000 сол то ҳанӯз асарҳои безаволи донишмандон дар илми муосири имрӯза, аз ҷумла тибу иқтисодиёт фаровон истифода бурда мешаванд. Ҳаким Тирмизӣ ҳамчун олим, файласуф ва тасаввуфшинос дар замони зиндагии худ беш аз 400 асари илмӣ навишта, забон ва фарҳанги миллати тоҷик ва форсро ба оламиён муаррифӣ кардааст. Закариёи Розӣ ҳамчун донандаи хуби илмҳои тиб дар Мовароуннаҳр ва дигар ақсои олам ном баровардааст»,-хабар дод манбаъ.
АМИТ «Ховар»