Дар шаҳри Амритсари Ҷумҳурии Ҳиндустон 4 декабр шашумин конфронси вазирони корҳои хориҷии «Қалби Осиё — Раванди Истанбул» таҳти васоят ва бо суханронии ифтитоҳии Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ ва Сарвазири Ҳиндустон Нарендра Модӣ баргузор гардид. Дар кори конфронс ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини аввали Вазири корҳои хориҷӣ Низомиддин Зоҳидӣ иштирок намуд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар конфронс муовини аввали вазир суханронӣ карда, мавқеи усулии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷиҳати зарурати таъмини сулҳу субот дар кишвари ҳамсоя иброз намуд ва аз иқдомҳои анҷомдодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои расидан ба ин ҳадаф заруранд, ёдовар шуд.
«Барои ҳалли мушкилоти Афғонистон танҳо тадбирҳои низомӣ кофӣ набуда, балки ҷанбаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии ҳалли қазияи мазкур дар марҳилаи кунунӣ имтиёз пайдо кардаанд. Дар ин росто кӯшишҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷалби Афғонистон ба ҳамгироии минтақавӣ аз тариқи татбиқи лоиҳаҳои нақлиётиву коммуникатсионӣ, ки заминаҳои ҳалли мушкилоти иқтисодиву иҷтимоии ин кишварро фароҳам меоваранд, ироа мешаванд»,- таъкид кард Низомиддин Зоҳидӣ.
Конфронс бо қабули Эъломияи Амритсар кори худро ба анҷом расонд. Дар эъломия дар қатори дигар лоиҳаҳои барои Афғонистон ва минтақа муҳим аз раванди сохтмони хатти баландшиддати КАСА-1000, роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон ва хатти оҳан байни панҷ кишвар (Чин-Қирғизистон-Тоҷикистон-Афғонистон-Эрон) истиқбол сурат гирифта, барои ҳарчи зудтар ба анҷом расонидани онҳо даъват ба амал омадааст.
Тасмим гирифта шуд, ки конфронси оянда соли 2017 дар Ҷумҳурии Озарбойҷон баргузор шавад.
АМИТ «Ховар»