ТВТ. 24.05.2022. Бори нахуст ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон иқтидору зарфияти туристии кишварамонро дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «Riyadh Travel Fair-2022», ки аз 22 то 24 май дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ мегузарад, муаррифӣ менамоянд. Аз Кумитаи рушди сайёҳии мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ҳайати Тоҷикистонро дар ин намоишгоҳ муовини якуми Раиси Кумитаи рушди сайёҳии ҷумҳурӣ Ҳабибулло Амирбекзода роҳбарӣ намуда, ба ҳайат роҳбарони ширкатҳои сайёҳии ватанӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори оммаи миллӣ шомил мебошанд.
Дар гӯшаи сайёҳии кишвар иқтидори бойи табиӣ, сайёҳии табобатию солимгардонӣ ва имконияти машғулият бо намудҳои сайёҳии варзишию кӯҳнавардӣ, фарҳанги нодир ва тамаддуни қадимии Тоҷикистон инъикос гардидаанд.
Намоишгоҳи сайёҳии Riyadh 2022 маъруфтарин намоиши минтақа маҳсуб шуда, ҳамчун платформа барои ҷорӣ намудани маҳсулоти туристӣ, хизматрасонӣ ва сармоягузориҳо аз ҷониби бузургтарин ширкатҳои сайёҳӣ дар саросари арзёбӣ мегардад.
Дар ҳошияи намоишгоҳ вохӯрии роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳӣ якҷо бо ширкатҳои сайёҳӣ бо бахши сайёҳии Арабистони Саудӣ ва сармоягузорони ин кишвар баргузор гардида, масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкории сайёҳӣ баррасӣ гардиданд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»