Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ миёни Тоҷикистон ва Олмон баргузор гардиданд

ТВТ: 09.05.2022. Даври навбатии машваратҳои сиёсӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон 6 май дар Душанбе баргузор гардиданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ҳайатҳои тарафҳоро муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода ва ваколатдори Вазорати федеролии корҳои хориҷии Олмон доир ба ҳамкорӣ бо кишварҳои Аврупои Шарқӣ, Қафқоз ва Осиёи Марказӣ Маттиас Люттенберг роҳбарӣ карданд.

Дар рафти муколама ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, илмию фарҳангӣ, энергетика ва сайёҳӣ, инчунин ҳамкории ду кишвар дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҷонибҳо ҳамчунин оид ба таҷлили 30-юмин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Олмон табодули назар карданд.

Ёдовар мешавем, ки мулоқотҳои сатҳи олӣ ба ҳамкории васеи Тоҷикистон ва Олмон замина гузоштанд. Солҳои 2003 ва 2011 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Ҷумҳурии Федеративии Олмон боздид намуданд, ки ба рушди муносибатҳои дуҷонибаи сиёсӣ ва иқтисодӣ мусоидат кард.

Зимни сафарҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти вақти ҶФО Кристиан Вулф ва Канслери вақти ҶФО Ангела Меркел мулоқот анҷом доданд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон мунтазам машваратҳои сиёсӣ ва гуфтушунидҳои байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории молиявию техникӣ, ки ба сифати механизми тақвият ва рушди муносибатҳо мусоидат мекунанд, баргузор менамоянд.

Айни ҳол робитаҳои байнипарлумонии ҳарду кишвар бомаром инкишоф меёбанд.

То ба имрӯз миёни Тоҷикистон ва Олмон 40 санади дуҷониба ба имзо расидааст. Аз ин теъдод 30 санад созишномаҳои байниҳукуматӣ, 9 созишномаи байниидоравӣ ва 1 изҳороти муштарак мебошанд.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон Имомуддин Сатторов мебошад.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Андреас Протманн мебошад.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Tags: