Дирӯз дар пойтахти Ҷумҳурии Чехия шаҳри Прага мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Чехия Милош Земан баргузор гардид, ки дар ҷараёни он маҷмӯи васеи масъалаҳои марбут ба муносибатҳои дуҷониба ва мубрами минтақавию ҷаҳонӣ табодули андеша сурат гирифт.
Дар изҳороти матбуотии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз рӯи натиҷаҳои мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Чехия Милош Земан мавқеи ҳамсон ё ягонаи ҷонибҳо барои тақвияти мубориза алайҳи чунин падидаҳои харобиовари ҷаҳони муосир, аз қабили терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ, интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷинояткории фаромиллӣ таъкид гардидааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон атрофи қазияи Афғонистон иброз кард: «Вобаста ба масъалаи мазкур мо ба натиҷа расидем, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд муттаҳидона баҳри истиқрори сулҳу субот дар Афғонистон, аз ҷумла тавассути мусоидат ба эҳёи иҷтимоию иқтисодии он чораҳои муассир андешад».