«НУРИ РӮШНОӢ ДАР ТОҶИКИСТОН». Имрӯз доир ба баррасии Барномаи рушди Ҳисор машварати ҷамъиятӣ баргузор мешавад

Имрӯз, 6 декабр, дар  маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор бо дастгирии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон ва дар доираи Ташаббуси «Нури рӯшноӣ дар Тоҷикистон»* доир ба баррасии Барномаи таҳияшудаи рушди иҷтимоию иқтисодии Ҳисор барои солҳои 2021-2025 бо ворид намудани тадбирҳои афзалиятноки пешгирӣ ва вокуниш ба зӯроварии ҷинсӣ ва гендерӣ нисбат ба занон ва духтарон, аз ҷумла зӯроварӣ дар оила чун яке аз ҳадафҳои рушди устувор ба боби 4 оид ба бахши иҷтимоии қисмати “Доир ба корҳои занон ва оила ва масъалаҳои гендерӣ» машварати ҷамъиятӣ баргузор мегардад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Ташкилоти ҷамъиятии «Бунёди паст кардани сатҳи камбизоатӣ» хабар доданд.

 Дар мамлакат таҷрибаи таҳияи барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳо, баргузории маҷлисҳои ҷамъиятӣ васеъ паҳн гардида, дар ин самт таҷрибаи кофӣ вуҷуд дорад ва заминаи дахлдори меъёрии ҳуқуқӣ ташаккул ёфтааст. Таваҷҷуҳ ба ҷорӣ кардани ин таҷриба дар Тоҷикистон солҳои охир, бахусус дар заминаи зарурати Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030, Барномаи миёнамуҳлати рушди кишвар барои солҳои 2021-2025 дар заминаи миллӣ кунонидани ҳадафҳои рушди устувор афзоиш меёбад.

 Машварати ҷамъиятӣ бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор ва Хазинаи коҳиши камбизоатӣ дар доираи чорабиниҳои иқдоми «Нури равшанӣ» оид ба маҳв намудани хушунати ҷинсӣ ва гендерӣ дар Тоҷикистон баргузор мешавад.

Ҳамаи хоҳишмандон метавонанд дар муҳокимаи оммавӣ ширкат варзида, андешаи худро баён кунанд.

АМИТ «Ховар»

Tags: