Дар Душанбе рушди муносибатҳои иқтисодии Тоҷикистон ва Арабистони Саудиро баррасӣ карданд

Рушди муносибатҳои иқтисодӣ, мулоқоти дуҷонибаи соҳибкорон ва намоишҳо бо иштироки доираҳои соҳибкории Арабистони Саудӣ дар Душанберо раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Саид ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Мамлакати Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон Абдулазиз ибни Муҳаммад ал-Бодӣ баррасӣ карданд. 
«Зимни мулоқоти ҷонибҳо доир ба дурнамои рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод ва сармоягузорӣ табодули афкори созанда сурат гирифт», — омадааст дар хабарномаи ПСС ҶТ.
Бино ба иттилои манбаъ, раиси Палатаи савдо ва саноат Шариф Саид доираҳои соҳибкории Арабистони Саудиро барои иштирок дар кори намоишҳо-ярмаркаҳои универсалии байналмилалии «Тоҷикистон», ки рӯзҳои 24-26 декабри соли 2016 дар шаҳри Душанбе дар МД «Кохи Борбад» баргузор мегардад, даъват кардааст.
Ба гуфтаи Шариф Саид, чорабиниҳои намоишӣ дар барқарор ва таҳкими муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ, пайдо кардани шарикони тиҷоратӣ, бастани шартномаҳои мутақобилан судманд, лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ ва содироту воридоти маҳсулоти гуногун мусоидат хоҳанд кард.

АМИТ «Ховар»

Tags: