20 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар чорабиниҳои ҷашнӣ ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти дорои таъйиноти гуногун, шиносоӣ бо вазъи соҳаи кишоварзӣ ва суҳбату мулоқоти самимӣ бо сокинону фаъолони ноҳияҳои Сангвор, Нуробод, Рашт, Тоҷикобод ва Лахш ба водии Рашт ташриф оварданд.
Сафари кории Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Сангвор оғоз гардид.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Сангвор нахуст бинои нави маъмурии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Бинои нави маъмурии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор аз ду ошёна иборат буда, бо тарҳи муосир дар масоҳати 540 метри мураббаъ сохта шудааст.
Иншооти навбунёд дорои 29 ҳуҷраи корӣ мебошад.
Шуъбаҳои кор бо занон, иҷтимоӣ, умумӣ, меъморӣ ва шаҳрсозӣ, амвол, иқтисод, ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳолатҳои фавқулоддаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор дар ошёнаи якуми бинои хуштарҳи навсохт ҷойгир буда, бо тамоми лавозимоти корӣ муҷаҳҳаз мебошанд.
Ҳуҷраҳои кории роҳбарияти ноҳия, дастгоҳи раиси ноҳия ва муовинон дар ошёнаи дуюми иншоот ҷой дода шудааст.
Дар бинои нав ҳамзамон толори маҷлисӣ бо 120 ҷойи нишаст мавҷуд буда, барои баргузории чорабиниҳои гуногун мувофиқ мебошад.
Ҳуҷраҳои техникӣ, ошхона, бойгонӣ ва як қатор утоқҳои дигари ёрирасони бинои нави маъмурӣ дар таҳхонаи иншоот ҷойгир аст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити муосири кору фаъолият дар бинои нави маъмурии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, иншоотро туҳфаи арзишманди Ҳукумати мамлакат дар рӯзҳои таҷлил аз 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тамоми кормандону сокинони ноҳия маънидод карданд.
АМИТ «Ховар»