2 август бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Боғи фарҳангу фароғатии «Куруши Кабир»-и пойтахт ярмаркаи фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ оғоз гардид, ки он то 31 август идома меёбад. Дар ярмаркаи мазкур беш аз 20 корхонаву тавлидгоҳҳои истеҳсолии пойтахт ва соҳибкорони ватанӣ намудҳои муайяни сару либос ва лавозимоти мактабиро пешниҳод менамоянд.
Зимни ифтитоҳи ярмаркаи фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, масъулини соҳаи маориф, сохторҳои шаҳрдорӣ ва сокинону хонандагон иштирок намуданд.
Ярмаркаи либосҳои мактабӣ дар ин макон ҳамарӯза аз соати 9:00 то 19:00 амал мекунад. Чунин ярмаркаҳо дар чор ноҳияи пойтахт низ ташкил гардида, то оғози соли нави хониш фаъолият менамоянд. Дар ярмаркаҳои доимамалкунанда корхонаҳои тавлидӣ ва соҳибкорони ватанӣ ба меҳмонон ва мизоҷон баробари либос, инчунин пойафзол, ҷӯроб, лавозимоти мактабӣ ва дигар ашёи заруриро пешниҳод менамоянд.
Тавре мушоҳида намудем, дар ин ярмарка бештар маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ пешниҳод гардидаанд, ки аз лиҳози сифат ба талаботи стандарти ҷавобгӯ мебошанд.
Ба гуфти харидорон, либосҳои мактабии истеҳсоли ватанӣ, ки имсол дар ярмаркаҳо ба фурӯш гузошта шудаанд, бо сифати худ аз солҳои гузашта куллан фарқ доранд.
Масъалаи таъмини хонандагон бо либосҳои мактабии истеҳсоли ватанӣ муҳим ба ҳисоб рафта, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҷода таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Сарвари давлат бо назардошти имтиёзҳои андозиву гумрукии аз ҷониби Ҳукумати мамлакат пешбинӣ гардида ҳамеша масъулин ва роҳбарони корхонаҳои дӯзандагиро вазифадор менамоянд, ки истеҳсоли чунин либосҳоро дар ҷумҳурӣ афзоиш дода, хонандагонро бо либосҳои хушсифати арзон таъмин намоянд.
Ба гуфти масъулин, дар миқёси пойтахт иқтидори корхонаҳои дӯзандагӣ баҳри пурра таъмин намудани хонандагон бо либоси мактабӣ басанда буда, имконияти истеҳсоли либоси мактабӣ дар корхонаҳо давоми сол ба таври комил фароҳам оварда шудааст ва хонандагон пурра бо маҳсулоти воридотивазкунандаи хушсифат таъмин мегарданд. Дӯхти либоси мактабӣ аз ҷониби корхонаҳои дӯзандагӣ дар асоси талаботи Дастурамали либосҳои тавсияӣ барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илм таҳия шудааст, роҳандозӣ карда мешавад.
Инчунин бо мақсади ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти босифат аз ҷониби Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон стандарти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Либосҳои мактабӣ–шартҳои умумии техникӣ» бо қайди давлатии СТҶТ 1110-2018 таҳия гардида, ба корхонаю коргоҳҳои соҳа ҷиҳати дар асоси он истеҳсол намудани молу маҳсулоти худӣ пешниҳод шудааст.
Дар ин рӯз аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба зиёда аз 90 нафар ятимони кулл – таълимгирандагони муассисаҳои таълимии пойтахт либос ва лавозимоти мактабӣ тақдим гардид.
Муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ зимни тақдими туҳфаҳо ба хонандагон иброз намуд, ки «Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои беҳтар намудани шарту шароит ва имконоти таҳсилу зиндагии шумо тамоми имкониятро фароҳам овардааст. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи ҳар сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо ятимон мулоқот анҷом дода, аз ҳолу аҳволи онҳо бохабар мегарданд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбатҳои худ пайваста таъкид менамоянд, ки аз ин имконот истифодаи пурсамар намуда, барои аз худ кардани донишҳои замонавӣ, техникаву технологияи муосир талош намоед».
Дар ин ярмаркаи доимамалкунанда бо дарназардошти вазъияти имрӯзаи эпидемиявӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии ҳама гуна бемориҳои сироятӣ ва хосса пандемияи КОВИД-19 риояи меъёрҳои мунтазами безараргардонӣ, назорати риояи фосилаи иҷтимоӣ, қоидаҳои санитарию зиддиэпидемиявӣ ва гигиенӣ, бо ташкил намудани долонҳои безараргардонӣ, истифодаи маҳлулҳои антисептикӣ ва ҳароратсанҷи масофавӣ ба роҳ монда шудааст.
Ёдовар мешавем, ки ярмаркаҳои фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ то оғози соли таҳсил фаъолият мекунанд.
АМИТ «Ховар»