Туҳфаи арзишманди Пешвои миллат — китоби «Тоҷикон» ба Муъминобод расид

Корвони  китоби «Тоҷикон» ба ноҳияи Муъминбод расид. Ин  шоҳасари академик Бобоҷон Ғафуровро комиссияи босалоҳият қабул ва рақамгузорӣ карда, ба ҳар як оилаи ноҳияи мазкур  ҳамчун туҳфаи таърихӣ ва рамзию арзишманд аз номи Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон тақдим  намуда истодааст.  Дар ин бора хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон Холов хабар медиҳад.

Тавре сокини ноҳияи Муъминобод Фарангис Файзова изҳор дошт, дар арафаи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ тақдими китоби “Тоҷикон” аз ҷониби Сарвари давлат басо рамзист.

-Мақсади асосии  чунин иқдом шиносоӣ бо гузаштаи  пурифтихори халқи тоҷик ва дар ин замина баланд бардоштани ҳисси худшиносии насли имрӯзу фардои миллат мебошад. Дар ҳақиқат  мутолиаи шоҳасари академик Бобоҷон Ғафуров- китоби «Тоҷикон»  барои ҳар тоҷику тоҷикистонӣ  муҳим арзёбӣ гардида, ин иқдоми наҷибонаи Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шоистаи таҳсину ситоиши ҳамагон аст,-илова кард ӯ.

Ёдовар мешавем, ки солҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ асари мазкур, ки аз таъриху маданият ва фарҳанги ин миллати бостонӣ нақл мекунад, бо теъдоди хеле кам нашр гардида буд. Аз ин рӯ он на барои ҳамаи  аҳолии Тоҷикистон дастрас буд. Олимону пажуҳишгарон ва донишҷӯёни мактабҳои олӣ барои пешбурди корҳои илмӣ ва дарсҳо дар дарёфти ин асари таърихӣ мушкилӣ доштанду дар китобхонаҳо  соатҳо навбат мепоиданд.

Ба гуфти сокини ноҳияи Муъминобод Саймуҳаммад Иброҳимов,  ин ташаббуси хирадмандонаи  Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон –тақдими китоби  “Тоҷикон” ба ҳар як оилаи тоҷикистонӣ дар арафаи  ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар таърихи Тоҷикистон бо ҳафрҳои заррин сабт хоҳад шуд.

АМИТ «Ховар»

Tags: