Шоҳҷоизаи озмуни «Беҳтарин шеър» насиби Абдуҷаббори Суруш гардид

«Шоҳҷоиза»-и Озмуни «Беҳтарин шеър» дар  Суғд  насиби Абдуҷаббори Суруш гардида, Бузургмеҳри Баҳодур ва Мафтуна Қосимзода ҷои якум, Аниса Манонова, Родмеҳр Сулаймонӣ ҷои дуюм ва Шаҳриёр Олимӣ, Иброҳимҷон Дӯстализода мақоми сеюмро сазовор шуданд.

Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар»  аз Донишгоҳи давлатии Хуҷанд    хабар доданд, Озмуни «Беҳтарин шеър» бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 110-солагии Шоири халқии Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода ва 80-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ бо ташаббуси маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан”, дастгирии раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва шуъбаи суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон миёни адибони тоҷик эълон шуда буд.

Дар доираи нишасти 190-умини маҳфили илмиву адабии «Ганҷи сухан», ки бо иштироки адибону олимони маъруфи кишвар, нависандагони ҷавон ва мухлисони адабу фарҳанг дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд баргузор гардид, ғолибони озмун муайян ва қадрдонӣ шуданд.

Ба шеъри довталабон адибон ва олимони тоҷик, аз ҷумла устодон Абдунабӣ Сатторзода, Аскар Ҳаким, Фарзона, Абдухолиқ Набиев ва Аҳмадҷон Раҳматзод доварӣ намуданд.

Дар поёни маҳфил ба ҳамаи меҳмонон туҳфаҳои арзанда, аз ҷумла китобҳои тозанашри адабиву илмӣ ҳадя гардиданд. Ҳамчунин шоири ӯзбекзабон Комилҷон Хушназаров бо Ифтихорнома қадрдонӣ карда шуд.

АМИТ «Ховар»

Tags: