Ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ баррасӣ гардид

20 май мулоқоти муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шараф Шерализода бо ҳайати Корпоратсияи байналмилалии молиявии Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ таҳти роҳбарии Менеҷери минтақавии Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ Дамйен Шилс дар шакли видеоконфронс  баргузор гардид. 

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар мулоқот атрофи мавзӯъҳои ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ (КБМ) ва густариши он дар чаҳорчӯби лоиҳаи таҳкими рақобатпазирии саноати сайёҳии КБМ бо дарназардошти пайомадҳои ҳамагирии COVID-19 табодули афкор сурат гирифт.

АМИТ «Ховар»

Tags: