Неругоҳи Сарбанд соли 2016 ба миқдори 1 миллиарду 126 миллион кВт неруи барқ истеҳсол намуд

Дар давоми соли сипаригардида аз ҷониби корхонаҳои саноатии шаҳри Сарбанд ба маблағи 179,3 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 15,5 миллион сомонӣ зиёд буда, 109,5 % — ро ташкил медиҳад.
Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд, дар таъмини дурнамои истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ саҳми корхонаҳои неругоҳи барқи обии Сарбанд, ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуди «Субҳи Сарбанд», «Сементи рушди Хатлон», «Аҳмадшоҳи Р», «Сафарӣ», «Имкон», «Анис-2010», «Орди рушди Хатлон», «Равғани Сарбанд» ва Роҳи оҳани Тоҷикистон назаррас мебошад.
«Аз ҷумла, неругоҳи барқи обии Сарбанд дар соли 2016 ба миқдори 1 миллиарду 126 милион кВт неруи барқ истеҳсол намуд, ки нақшаи истеҳсолиро ба 102 % расонид. Ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 22,2 миллион кВт зиёд аст»,- хабар дод манбаъ.

АМИТ «Ховар»

Tags: