Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2016 барои таъмини шаффофият ва бехатарии раванди имтиҳонҳо муассисаҳои таълимии дахлдори марказҳои имтиҳониро бо воситаҳои назорати видеоӣ таъмин карда, раванди имтиҳонсупории довталабонро сабт намуда аст.
Маркази матбуоти Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин хусус иттилоъ дода меафзояд, ки аз шумораи умумии довталабони аз қайдгузашта соли 2016 дар имтиҳонҳо 78327 нафарашон иштирок карданд, ки шумораи умумии довталабон 92,55 % баробар аст. Гуфта мешавад, нишондиҳандаи иштироки довталабон дар соли 2016 нисбат ба соли 2015 0,91% ва нисбат ба соли 2014 3,21% зиёд аст.
«Дар соли 2016 Марказ бо мақсади шаффофу дастрас баргузор намудани имтиҳонҳо дар 15 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ 43 маркази имтиҳонӣ, аз ҷумла дар шаҳри Душанбе 15, ноҳияи Рашт 1, вилояти Суғд 11, вилояти Хатлон 14 ва дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 2 маркази имтиҳонӣ ташкил кард. Шумораи марказҳои имтиҳонӣ соли 2016 нисбат ба соли 2015 2-то ва нисбат ба соли 2014 4-то бештар аст.»,- афзуд сарчашма.