Имрӯз дар пойтахти Давлати Қатар шаҳри Давҳа Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси шӯрои Давлати Қатар Муҳаммад ибни Муборак Алхулайфӣ мулоқот намуданд.
Дар оғози суҳбат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки ҷониби Тоҷикистон ба дурнамои муносибатҳои худ бо Давлати Қатар дар ҳамаи сатҳу зинаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн назари нек дошта, ҳамкории судманди байнипарламентиро василаи муассири таҳкими равобити дуҷониба ва таъмини манфиатҳои муштарак дар сатҳи минтақавию байналмилалӣ меҳисобад.
Барои фаъол гардонидани кори Гурӯҳи дӯстии байнипарламентии Тоҷикистону Қатар ҳавасмандӣ зоҳир гардид ва таъкид шуд, ки бо ин васила парламентҳо метавонанд дар беҳтар намудани сатҳи муносибатҳои дуҷониба дар тамоми соҳаҳо нақши муассиру самарабахш гузоранд.
Дар мулоқот муколамаи сиёсии мунтазами Тоҷикистону Қатар дар сатҳи олӣ заминагузори рушду тавсеаи минбаъдаи муносибатҳои неку манфиатбори ду давлат арзёбӣ гардид.
Ҷонибҳо ҳамчунин доир ба муҳимияти ҳамкориҳои байнипарлумонӣ дар таъмини амнияту суботи кишварҳои минтақа ва мубориза бар зидди хатару чолишҳои ҷаҳони муосир, аз қабили терроризму экстремизми байналмилалӣ табодули афкор намуданд.
Изҳори бовар карда шуд, ки парлумонҳои ҳар ду давлат дар татбиқи амалии санадҳои дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Қатар имзошуда саҳми фаъол гузошта, ба татбиқи манфиатбори дурнамо ва нақшаҳои нави ҳамкориҳои дуҷониба ноил мегарданд.