ТВТ.04.07.2022. Се нафар олимони тоҷик Самариддин Афғонов, Ҷумахон Файзализода ва Абулҳай Комилӣ академики Академияи илмҳои байналмилалии мактабҳои олӣ интихоб гардиданд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон.
Гуфта шуд, ки қарори мазкур дар ҷаласаи навбатии шуъбаи тоҷикистонии Академияи илмҳои байналмилалии мактабҳои олӣ зимни овоздиҳии пўшида интихоб гардиданд.
Доктори илмҳои педагогика, профессор Самарддин Афғонов ба сифати профессори Донишгоҳи Калифорнияи Амрико фаъолият дошта, муаллифи беш аз 15 таълифот, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Файзализода Ҷумахон муаллифи 15 таълифот ва беш аз 50 мақолаи илмӣ ва профессор Абулҳай Комилӣ, ки дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Н. Хусрав фаъолият дорад, муаллифи беш аз 64 китоб, дастур ва васоити таълимӣ ва 360 мақолаи илмӣ мебошанд. Олимони мазкур бо дастовардҳои бунёдӣ дар ҷодаи илм ва маориф чун мутахассисони варзидаи соҳаҳои худ эътироф шудаанд.
Академияи илмҳои байналмилалии мактабҳои олӣ соли 1992 бо мақсади мусоидат ба ҳалли мушкилоти муассисаҳои олии таълимӣ дар ҷодаи гузариш ба низоми нави таҳсилот, рушди илм, ҳамгироии кишварҳои ҷаҳон дар низоми таҳсилоти касбӣ таъсис ёфта, беш аз 1200 олимони муътабари сатҳи ҷаҳониро аз 45 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон муттаҳид менамояд. Президенти АИБ МО ходими илм ва техникаи Федератсияи Русия Валентин Шукшунов буда, марказаш дар Маскав ҷойгир аст.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»