Натиҷаи қуръакашии марҳилаи 1/8 ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2020 оид ба футбол муайян гардид

15 июл дар қароргоҳи Федератсияи футболи Тоҷикистон маросими қуръакашии бозиҳои Ҷоми Тоҷикистон баргузор шуд. Дар натиҷаи қуръакашӣ дар даври ҳаштякфинал ҷуфтҳо ба таври зерин муайян гардиданд: ба  дасатаҳои футболи  «Равшан»-и Кӯлоб,  бо «Панҷшер»-и  Ҷалолиддин Балхӣ,  «Истиқлол»-и Душанбе бо  «Моҳир»-и Ёвон, «Барқчӣ»-и  Ҳисор бо  «Локомотив-Помир»-и  Душанбе, «Душанбе-83»-и Душанбе бо «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода, «Равшан»-и Зафаробод бо  «Эсхата»-и Хуҷанд, «Файзканд»-и Восеъ бо «Хатлон»-и  Бохтар, «Истаравшан»-и Истаравшан бо КМВА-и  Душанбе ва «Хуҷанд»-и Хуҷанд бо «Куктош»и Рӯдакӣ.

Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони  Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Хотиррасон менамоем, ки бозиҳои даври 1/8-финал 1-3 август доир хоҳанд шуд. Имсол Ҷоми Тоҷикистон дар формати нав доир мегардад. Агар солҳои гузашта дастаҳо дар ҳамаи марҳилаҳо ду бозӣ (хона — сафар) анҷом медоданд, ин мавсим якбозигӣ мекунанд. Мизбони бозиҳо дар натиҷаи қуръакашӣ муайян мегардад.

Ёдовар мешавем, ки ғолиби Ҷоми Тоҷикистон-2020 имкон пайдо мекунад, ки кишварамонро дар Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2021 намояндагӣ кунад. Агар дар Ҷоми Тоҷикистон ва Чемпионати Тоҷикистон як даста ғолиб ояд, пас дар Ҷоми КФО-2021 барандаи медалҳои нуқраи чемпионати ҷумҳурӣ иштирок хоҳад кард.

Натиҷаи қуръакашии марҳилаи 1/8 ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2020:

«Равшан» (Кӯлоб) – «Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ)

«Истиқлол» (Душанбе) – «Моҳир» (Ёвон)

«Барқчӣ» (Ҳисор) – «Локомотив-Помир» (Душанбе)

«Душанбе-83» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

«Равшан» (Зафаробод) – «Эсхата» (Хуҷанд)

«Файзканд» (Восеъ) – «Хатлон» (Бохтар)

«Истаравшан» (Истаравшан) – КМВА (Душанбе)

«Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Куктош» (Рӯдакӣ)

АМИТ «Ховар»

Tags: